Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Президенти Иттиҳодияҳои Палатаҳо ва Биржаҳои молии Туркия

27.08.2022 17:32

Санаи 26 августи соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо Президенти Иттиҳодияҳои Палатаҳо ва Биржаҳои молии Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоглу дар шаҳри Истамбул, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳошияи вохӯрии мазкур, ҷонибҳо "Созишнома оид ба ташкили Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистону Туркия" ба имзо расонданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg