4-8 сентябри соли 2022 бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистону Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Конияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.
5 сентябри соли ҷорӣ ҳайати болозикр бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти дигар вазорату идораҳо ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, дар шаҳри Душанбе вохӯрии соҳибкор бо соҳибкор дар сиғаи “В2В” байни ширкатҳои тоҷикӣ ва туркӣ, баргузор гардид.
Ҳамзамон, тибқи барномаи сафар баргузории нишастҳои корӣ бо ҷалби доираи васеи ширкатҳои ду кишвар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо дарназардошти боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.