Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо даъвати ҷониби Туркия Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Сафир Ашрафҷон Гулов 30 августи соли ҷорӣ дар ҳамоиши байналмилалии технологияҳои муосир “TEKNOFEST 2022” дар шаҳри Самсуни Туркия, иштирок намуданд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур ҳайати кишвар аз павилёнҳои ширкатҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ боздид намуда, бо ҳайатҳои дигар мулоқот анҷом доданд.