ВИЛОЯТИ ГАЗИАНТЕП - ИДОМАИ САФАРИ ҲАЙАТИ ҲУКМАТИЮ ТИҶОРАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТҲОИ ТУРКИЯ

13.09.2022 11:34

13 сентябри соли ҷорӣ тибқи барнома баъд аз нисфирӯзӣ дар бинои Палатаи савдои шаҳри Газиантеп нишасти корӣ бо дарназардошти маросими ба имзо расонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Палатаи мазкур, сурат гирифт.

Тибқи барнома дар маҷлисгоҳи Палатаи болозикр ба иштироки ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тиҷоратии вилояти Хатлон, роҳбарияту субъектҳои минтақаҳои муташаккили саноатӣ, инчунин соҳибкорону сармоягузорони туркӣ аз шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Кония, Кайсери ва дигар шаҳрҳои ҳамсарҳаду наздик ба Газиантеп “Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

Дар идомаи барнома мулоқоти тиҷоратӣ дар шакли В2В бо иштироки беш аз 80 ширкатҳои тоҷикию туркӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд сурат гирифта, дар доираи он 4 санади ҳамкорӣ дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли мебел ва қолин, инчунин хариду фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ аз қабили ришта, пахта ва матоъ бо арзиши умумии 16 млн. доллари ИМА, ба имзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg