10 ноябри соли 2022 вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд.