10 ноябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ бо Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш дар шаҳри Душанбе доир шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ қайд карданд, ки давоми солҳои охир тақвияти робитаҳои тиҷоратии ду кишвар мушоҳида мешавад, ки заминаи он иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар мебошад.
Давоми рӯз дар меҳмонхонаи Serena Hotel шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла «Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол то 1 млрд доллари ИМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барои давраи солҳои 2023-2025» ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Туркия, сурат гирифт.