21 ноябри соли 2022 дар Анқара вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо вобаста ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар баробари мубодилаи афкор вобаста ба масъалаҳои минтақавии мавриди таваҷҷуҳи таррафайн ва ҳамкориҳо дар доираи Стратегия Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, инчунин зумраи масъалаҳои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.