24 ноябри соли 2022 дар ҳошияи брифинг, ки дар мавзӯи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Анкара баргузор шуд, мусоҳибаи сафир бо мухбири дипломатии Агентии иттилоотии Анадолу доир гардид.
Дар мусоҳиба доир ба ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва корҳои тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумот ироа гардид. Инчунин, роҷеъ ба захираҳои обии Тоҷикистон, таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар самти норасоии об ва ба дигар паҳлуҳои масъала маълумот дода шуд.
Мусоҳиба дар дигар сомонаҳои хабарӣ низ бознашр гардид.
https://www.aa.com.tr/.../tacikistanin-ankara.../2747804