Иштироки Сафир дар ҷаласаи 38-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои исломӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC)

29.11.2022 10:52

Санаи 28 ноябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) иштирок намуд.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон оғоз гардида дар кори он, инчунин намояндагони дигар аъзоёни Созмони ҳамкориҳои исломӣ, сохторҳои Бонки Исломии Рушд, вазорату идораҳо ва корпуси дипломатии Туркия ширкат варзидаанд.

317228814-529397715868720-3499802858996639843-n.jpg

316966201-529397745868717-2870856311762285450-n.jpg

316689253-529397722535386-8021624560790210986-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg