Вохӯрии Сафир бо Роҳбари Корпоратсияи исломӣ оид ба тиҷорат ва молияи Гуруҳи Бонки исломии рушд

29.11.2022 10:54

Дар ҳошияи 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимоамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари Корпоратсияи исломӣ оид ба тиҷорат ва молияи Гуруҳи Бонки исломии рушд Хани Салем Сонбол доир гардид. Ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои хамкориро баррасӣ карда, тақвияти онҳоро дар доираи барномаю механизмҳои дастгирии тиҷорат ва молияи корпоратсияи мазкур муҳим арзёбӣ намуданд.

316950886-529506249191200-6272474844930129572-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg