Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6-умин Саммити Иқтисодии Истамбул

09.12.2022 11:57

8-9 декабри соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кишвар аз ҷумла муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода ва Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Муминзод Камолиддин дар 6-умин Саммити Иқтисодии Истамбул шаҳри Истамбул иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур зери унвони “Занҷираи ҷаҳонии арзиш” ташкил гардида, дар панели “Афзоиши иқтисодӣ ва рушди устувор: Имконият барои ҳамгироии минтақавӣ” Насриддинзода Рухшона суханронӣ намуда, ба иштирокчиёнро бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обӣ, алалхусус пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва пешниҳод ҷиҳати эълон гардидани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин оид ба нақш ва талошҳои Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироӣ ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ, шинос кард.

Дар баробари ин, Муминзод Камолиддин дар панелҳои дахлдор доир ба соҳаи сайёҳӣ иштирок ва мубодилаи афкор намуд.

319016878-538566601618498-5131665271700083059-n.jpg

318844150-538566631618495-3672941448763800080-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg