5 апрел вохӯрии cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи Ҳаҷитеппе, профессор, доктор Меҳмет Ҷаҳит Гӯран баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории донишгоҳи мазкурро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон муҳокима карда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти равобит дар ин самт, изҳор намуданд.