Маърӯзаи сафир дар мавзӯи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи OSTIM

13.04.2023 10:09

12 апрел cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар назди устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи OSTIM дар мавзӯи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» суханронӣ кард.

Дар маърӯза роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии обии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва захираҳои обии Тоҷикистон маълумот инъикос гардид.

Ҳамзамон, дар доираи маърӯза наворҳои муаррификунандаи Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg