11 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи 31-умин солгарди муносибатҳои дуҷониба дар Институти афкори стратегии Туркия чорабинӣ дар мавзӯи Дипломатияи обии Тоҷикистон доир гардид.
Дар он чорабинӣ роҳбари намояндагӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тариқи маҷозӣ), директори муассисаи мазкур, олими ҷавон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади болозикр олимон, коршиносон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфуз, Анкара, Ҳаҷитеппе ва Ҳаҷи Байрам Валӣ ширкат варзиданд