7 июни соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия вохурии маҷозӣ ҷиҳати баррасии имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои Балҷувон, Данғара ва Фархори вилояти Хатлон бо вилоятҳои Туркия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони ду кишвар, аз ҷумла муовини Раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Гулов Ашрафҷон, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Умут Аҷар, роҳбарияти ноҳияҳои Балҷувон, Данғара ва Фархори вилояти Хатлон, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия (TIKA), инчунин масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия (DEIK) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки имрӯз имкониятҳои васеъ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркия дар тамоми сатҳҳо, аз ҷумла минтақавӣ мавҷуд аст ва таваҷҷуҳи хоса ба корбарии назаррас ҷиҳати банақшагирии иқдомҳои муштараки сохторҳои дахлдори ду кишвар дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар сатҳи мазкур зоҳир карда шавад.