Ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Туркия

14.09.2023 09:01

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Туркия 12 сентябр дар меҳмонхонаи Sheraton-и шаҳри Анкара 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ Вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Осман Ашкин Бак, сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Туркия, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, кормандони корпуси дипломатӣ, ректорони донишгоҳҳои Анкара, зиёиён, роҳбарони корхона ва ширкатҳои саноатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони ВАО-и Тоҷикистону Туркия, дар маҷмуъ зиёда аз 400 меҳмон иштирок намуд.

Дар ҳошияи чорабинӣ, меҳмонон аз намоиши аксу мусаввараҳои табиати зебои Тоҷикистон, меваҳои тару тоза, хушкмеваҳои шаҳдбор, шириниҳо ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат дидан намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо суханронии хеш ҷашнро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои тарафайн бо Ҷумҳурии Туркия маълумот дод ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ин муносибат табрик кард.

Аз ҷумла, А. Гулов қайд намуд, ки «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд».

Дар навбати худ Осман Ашкин аз номи Ҳукумати Туркия ҳозирин ва мардуми Тоҷикистонро бо 32-юмин солгарди Истиқлол табрику таҳният намуда, афзуд, ки дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст дар ҳама самтҳо рушд ёфтаанд ва дар оянда низ мусбӣ арзёбӣ мегарданд.

Шоёни зикр аст, ки таронаҳои тару тозаи гуруҳи “Авесто” табъи меҳмононро шод ва бо фарҳанги тоҷикӣ ошно намуданд.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур баҳри муаррифии таърих, фарҳанг, табиати зебо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар кишвари иқомат мусоидат намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg