Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ

21.09.2023 09:02

20 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд.

Зимни суханронии худ С. Муҳриддин нақши ташкилотҳои минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхайро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин ба аҳаммияти муколамаи доимии СҲШ ва СММ оид ба масъалаҳои муқовимат ба хатари маводи мухаддир, ба вежа таҳдидҳои марбутаи аз қаламрави Афғонистон зуҳуркунанда таъкид кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg