19 ноябр дар доираи сафари кории Сафир дар вилояти Мерсин рӯзҳои Конститутсия, Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони муқим таҷлил гардид.
Сафир зимни суханронии худ, аҳаммияти таҷлили ҷашнҳои пуршукуҳи давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ, рушди босуботи ҷомеа ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро қайд намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ ба таваҷҷуши иштирокчиён навор ва рӯнамоҳои ҷолиб бахшида ба дастовардҳои кишвар азизамон пешкаш шуд.