30 ноябри соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ба вилояти Измири Ҷумҳурии Туркия ташриф намуда, бо Волии вилоят Сулейман Элбан вохӯрд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд.