1 декабр дар идомаи сафари корӣ ба минтақаи баҳри Эге сафир бо волии вилояти Айдин Якуп Ҷанболат вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз қабили рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани тамосҳои мустақим байни минтақаҳо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.