Машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

19.12.2023 13:46

18 декабри соли 2023 дар шаҳри Анкарa даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор шуданд.

Дар рафти машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg