26 январ А. Гулов ба вилояти Эскишеҳир сафари корӣ анҷом дод. Дар рафти сафар номбурда бо волии Эскишеҳир Ҳусейн Аксой мулоқот доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди муҳокима қарор доданд.
Бо истифода аз фурсат, сафир оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар маълумот манзур карда, аз волӣ даъват намуд, ки бо соҳибкорони вилоят ба Тоҷикистон ташриф биёранд.