Вохӯрии сафир бо ректори Донишгоҳи Анадолуи Эскишеҳир

29.01.2024 17:04

26 январ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Эскишеҳир роҳбари намояндагӣ бо ректори Донишгоҳи Анадолу профессор, доктор Фуат Эрдал вохӯрӣ кард. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар самти мубодилаи устодон ва донишҷӯён, инчунин таъсиси намояндагии донишгоҳ дар Тоҷикистон бо мақсади ҷалби донишҷӯёни тоҷикистонӣ баррасӣ намуданд.

Бо истифода аз фурсат, сафир роҳбарияти донишгоҳро ба Тоҷикистон даъват кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg