5 марти соли 2025 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Имомӣ Содиқ Ашурбойзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Беррис Экинҷӣ, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи равобити ду кишвар ва рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, бар аҳамияти таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Дар ин замина, ҷонибҳо иродаи худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо ва татбиқи иқдомҳои муштарак баён доштанд.
