Супоридани нусхаи эътимоднома ба Муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия

03.08.2021 16:51

3 августи 2021 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашраф Гулов ба Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Седат Онал нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Сафир бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Presentation-of-Credentials-to-Turkish-Deputy-Foreign-Minister-03-08-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg