Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Туркия

02.09.2021 15:28

1 сентябри 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супорид. 

Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон расонид.

Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

2021-09-01-tacikistan.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg