Вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия

13.10.2021 16:28

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Анкара 13 октябри соли 2021 бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯриҳои мазкур оид ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар табодили афкор сурат гирифта, ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

photo-2021-10-13-18-16-55.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg