Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Чехияро пазируфт

20.10.2021 09:44

19 октябри соли 2021 Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватслав Йилек нусхаи Эътимодномаи худро ба Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Ҳамсуҳбатон фаъол намудани абзорҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехияро муҳим шумориданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири Ҷумҳурии Чехияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

IMG-7771-2-Czech-19-10-2021.jpg

IMG-7787-2-Czech-19-10-2021.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg