Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон

20.10.2021 15:26

20 октябри 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот мавзӯъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. 

Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вазъи мураккабу пурпечутоби Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар интиҳо вазирон лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористонро ба имзо расониданд.

Foreign-Ministers-Tajikistan-Hungary-20-10-2021-1.jpgForeign-Ministers-Tajikistan-Hungary-20-10-2021-2.jpg

Foreign-Ministers-Tajikistan-Hungary-20-10-2021-3.jpg

Foreign-Ministers-Tajikistan-Hungary-20-10-2021-6.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg