29 октябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар маросими ҷашни 98 солагии «Иди Ҷумҳурият»-и Туркия, ки дар қасри Президент доир гардид ширкат намуда, табрикот ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон расонид.