Рузҳои 1-7 ноябри соли 2021 бо мақсади пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, алалхусус вобаста ба мубодилаи гуруҳи коршиносону ширкатҳои соҳаи саноати нассоҷӣ байни ду кишвар, доираи соҳибкорон, намояндагони шарикони рушди мамлакат ва масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия ташриф меоранд.
Сафари мазкур дар ҳамоҳанги бо намояндагии дипломатии кишвар дар Туркия, Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK), Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи содироткунандаи маҳсулотҳои нассоҷии Туркия бо дастгирии молиявии намояндагии Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ва GIZ ташкил шуда дар доираи он ташрифи шаҳрҳои саноатии Туркия, аз ҷумла Истанбул ва Бурса, инчунин мубодилаи таҷриба байни ширкатҳои соҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур коршинонсону роҳбарияти беш аз 10 корхонаҳои нассоҷии кишвар аз фаъолияти ширкатҳои туркӣ шинос шуда дар доираи вохуриҳои В2В имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати нассоҷӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.