Иштироки ҳайати кишвар дар ҷаласаи 37-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC)

24.11.2021 16:58

Санаи 24-25 ноябри соли 2021 бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 37-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (COMCEC) ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шерализода Шараф, Муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ ва Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия сафарбар шудаанд.

Дар кори ҷаласаи мазкур, инчунин намояндагони дигар аъзоёни Созмони ҳамкориҳои исломӣ, сохторҳои Бонки Исломии Рушд, вазорату идораҳо ва корпуси дипломатии Туркия ширкат варзидаанд.

Ҳамзамон, дар ҳошия чорабнии мазкур вохурии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Вазири тиҷорати Туркия ҷаноби Мустафа Тузҷу, Сафири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар Туркия ва Вазири тиҷорат ва сайёҳии Джибути оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкориҳои исломӣ, баргузор гардид.

Дар маҷмӯъ, вохури дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сурат гирифт.

 

WhatsApp-Image-2021-11-24-at-13-09-23.jpeg

WhatsApp-Image-2021-11-24-at-13-09-23-1.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg