Баргузории Вебинар “Шарикии ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноати тиббӣ ва фармасевтика”

11.12.2021 06:53

Санаи 10 декабри соли 2021 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия вебинари маҷозӣ дар мавзӯи “Шарикии ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноати тиббӣ ва фармасевтика” бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва аъзоёни Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK), Ассотсиатсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони мустақили Туркия (MUSIAD) ва ҷалби беш аз 50 ширкати тоҷикию туркии соҳаи тиб ва фармасевтика, баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғ. Мухсинзода, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия А. Гулов Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Э.Карагёл, Ноиби Президенти MUSIAD Д.Алтунбаш, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон М.Рустамова, Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон Туркия назди Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Ҷаҳонгир Саатчиоглу, вобаста ба муҳимияти рушди ҳамкориҳо соҳаи саноати тиббӣ ва фармасевтӣ, оғоз намуданд.

Дар вохурии мазкур, инчунин коршиносону аъзоёни Шӯрои тиббии назди MUSIAD, Шӯрои тандурустии назди DEIK, инчунин Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ширкат варзида вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самти мазкур ва имконияти таъсиси гурӯҳҳои кории соҳавӣ байни ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ бо ҷалби ширкатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва тиб бо назардошти пайгирии ҳадафҳои Тоҷикистон оид ба таъсиси кластерҳо ва паркҳои технологӣ дар заминаи таҷрибаи Туркия, мубоҳисаҳои доманадор анҷом доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg