Вохурии Сафир бо Вазири тиҷорати Туркия

11.12.2021 06:57

Санаи 10 декабри соли 2021 дар бинои Вазорати тиҷорати Туркия вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов бо Вазири тиҷорати Туркия муҳтарам Меҳмет Муш баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои қаблии роҳбарияти олии ду кишвар вобаста ба диверсификатсия ва афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия ва расонидани он ба 1 млрд. доллари ИМА, инчунин масъалаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи болозикр, аз ҷумла таҳияи “Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2022-2025”, корбарӣ намуда истодаанд.

Ҳамзамон, дар вохурии мазкур ҷонибҳо вобаста ба ҳолати иҷроиш ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои Нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла доир ба масъалаҳои марбут ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, алоқа, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон, стандартизатсия ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ибрози назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Туркия тибқи тартиби муқарраргардида Вазорати тиҷорат котиботи Комиссияи байниҳукуматии Туркия бо кишварҳои хориҷии оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, нақши он дар таҳияи Протоколҳои ҷаласаҳои Комиссия муҳим арзёбӣ мегардад.

266625102-287428363398991-278166798865682426-n.jpg

266419900-287428430065651-5561002925775942002-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg