Форуми саноатии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия

15.12.2021 06:43

Санаи 16 декабри соли 2021 дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир ба Туркия ҷиҳати иштирок дар маросими 748 солагии маросими "Шаби арӯс" (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) дар меҳмонхонаи Bayır Diamond Hotel & Convention Center шаҳри Кония баргузории Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия ба нақша гирифта шудааст.

Интизори меравад, ки дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ, ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор хоҳад гашт.

Пешбинӣ мешавад бо дарназардошти корбариҳои дар доираи Форуму вебинарҳо ва сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба ду кишвар, ки қаблан давоми соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, дар ҳошия чорабинии мазкур баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ сурат гирад.

267400624-289709893170838-7118081459541128436-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg