Вохурии Сафир бо муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия

27.01.2022 05:48

Санаи 26 январи соли 2022 дар Вазорати саноат ва технологияи Туркия вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Донмез баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва форуму нишастҳои корӣ, ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21 декабри соли 2022) бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.

Вобаста ба ин зарурияти баргузор намудани вохуриҳои маҷозӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва аз натиҷаи онҳо сафарбар намудани коршиносони вазорату идораҳо ва ҳайатҳои тиҷоратии Туркия ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имконииятҳои сармоягузорӣ ва дарёфти шарики тиҷоратӣ, таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ пурзур менамоянд.

272291218-317083273766833-1644047862393408612-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg