28 январи соли 2022 ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анкара Ашрафҷон Гулов бо хабарнигори Агентии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Туркия “Анадолу” доир гардид.
Дар мусоҳибаи мазкур оид ба ҳамкориҳои пурсамари дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар давоми 30 сол, сафарҳои сатҳи олии роҳбарони ду кишвар ва мавҷудияти фазои эътимод дар ҳамкориҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мутақобилан судманд иттилоъ дода шуд.