ФОРУМИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ

01.03.2022 11:04

Санаи 3 марти соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи CVK Park Bosphorus-и шаҳри Истанбул баргузор намудани Форуми cайёҳии Тоҷикистону Туркияро ба нақша гирифтааст.

Дар назар аст, ки дар кори Форуми мазкур беш аз 100 ширкатҳои тоҷикию туркӣ ва коршиносону намояндагони вазорату идораҳои соҳаи сайёҳӣ дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ (offline ва online) иштирок намоянд. Пайванд барои иштирок дар шакли маҷозӣ: https://www.facebook.com/profile.php?id=100063954879517

Дар ҳошияи чорабинии зикршуда ҷонибҳо намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркияро ташкил менамоянд.

Инчунин, тибқи барномаи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар сиғаи “B2B” ва бо мақомоти дахлдор дар сиғаи “B2G” пешбинӣ шудааст.

274837185-338042788337548-4419740594751635155-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg