30 марти соли 2022 дар меҳмонхонаи JW Marriott-и шаҳри Анқара бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳтарам Мустафа Варанк, раиси Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия Аҳмет Узер, намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Анқара, ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷик, соҳибкорон ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов маросимро оғоз карда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Номбурда изҳор дошт, ки Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат ва эҳтирому садоқатро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи нек мужда мерасонад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо ташаббуси роҳбарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ байналмилалӣ гардида, он дар Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО қарор дода шудааст.
Дар идома Мустафа Варанк низ ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфта, қайд кард, ки Тоҷикистон дӯсти қадим ва шарики муҳими Туркия буда, бо иродаи раисиҷумҳури Туркия ва дӯсти наздики ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир равобит байни ду кишвар дар ҳама соҳаҳо рушд намуда истодааст.
Ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо баргузории намоиши коллексияи либосҳои миллии тарроҳ Умед Кучкалиев ва барномаи гуруҳи рақсии Театри "Падида" руҳияи ҳозиринро шод гардонид.
Дар чорабинӣ сӯзаниҳо, расмҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон ва дигар намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Инчунин, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён наворҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
Дар яке аз гӯшаҳои толор кати миллӣ бо дастархони идона ва рамзҳои Наврӯзӣ - ҳафт сину ҳафт шин ташкил шуда, хӯрокҳои наврӯзӣ оши палов, далда ва суманак ба хоҳишмандон пешкаш гардид.
Ҷиҳати муаррифии Тоҷикистони офтобӣ ба ҳозирин дар толор инчунин маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ намоиш ва пешниҳод шуд.
Чорабинии мазкур дар васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ба таври васеъ инъикос гардид.