23.11.2021 20:46
«Хизматрасониҳои консулӣ»
Бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи салоҳияти худ хизматрасониҳои зеринро иҷро мекунад:
- коркард ва судури раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
- ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ;
- судури шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи акди никоҳ;
- баррасии аризаҳои шаҳрвандон оид ба дархости аснодҳо, маълумотномаҳо;
- баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон;
- судури шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон;
- таъйиди ҳуҷҷатҳо ва хизматрасониҳои нотариалӣ (дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Шаҳрвандон оид ба дархости ҳуҷҷатҳо вобаста ба хизматрасониҳои консулӣ бояд мустақиман ба бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Тошканд муроҷиат намоянд.
Эзоҳ: Дархостҳо вобаста ба хизматрасониҳои консулӣ дар рузҳои корӣ (Душанбе – Ҷумъа аз соати 10:00 то 12:00 ва аз 14:00 то 16:00) қабул карда мешаванд.