Қайди консулӣ

23.11.2021 21:28

Қайди консулӣ чист?

Қайди консулӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҷойи истиқомати муваққатӣ/доимӣ, ҷойи кор/таҳсил ва дигар маълумоти тамосии худро пешниҳод менамояд. Маълумоти мазкур метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ (масъалан: қатъ гардидани алоқа бо хешовандон ва наздикон) ба хешовандони/наздикони ӯ барои барқарор намудани алоқа/тамос кумак намояд.  

 Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувақаттан ва ё дар асоси доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, тавсия дода мешавад, ки худро дар Бахши консулии Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба қайд гиранд.

Барои ба қайди консулӣ гирифтан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  1. Ариза ба номи Сафорат;
  2. Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқуқнандаи шахсият (шиносномаи умумишаҳрвандии дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);
  3. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
  4. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (агар бошад);
  5. Маълумотнома оид ба ҷойи истиқомат дар кишвари иқомат;
  6. Маълумотнома аз ҷойи кор/таҳсил;

Ҳуҷҷатҳои болозикр ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд пешниҳод карда мешаванд (шахсан ё тариқи почтаи маъмулӣ).

Эзоҳ: Бақайдгирии консулӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон будубош менамоянд, ба таври ройгон сурат мегирад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg