«Шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ
ва шаҳодатномаи бозгашт
ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳад?
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?
-Ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда);
-шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
-шиносномаи хориҷии эътибордошта ва нусхаи он;
-шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он;
- шаҳодатномаи акди никоҳ ва нусхаи он (дар ҳолатҳои дахлдор);
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (виза, корти иқомат);
-расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд бо мақсади муайян намудани мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯ ба шаҳрвандии давлати дигар метавонад ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан хабар диҳад.
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯз дода мешавад.
Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ӯ ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.
Барои гирифтани шаҳоданомаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?
Судури шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолатҳо рад карда мешавад?
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муваққатан дар ҳолатҳои зерин додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар: