Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ

09.12.2025 16:33

Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, баррасӣ мешаванд.

Аз соли 2002 инҷониб 12 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст, ки дар он рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи равандҳои ҳаёти иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ ду давлат мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд. Ҷаласаи охирини  он 16 апрели соли 2025 дар шаҳри Хиваи, Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардида буд.

Дар ҷаласаи 12-уми комиссияи Байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайеҳӣ, нақлиет, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар ҷараени ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Дар натиҷаи ҷаласаи 12-уми комиссияи Байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ санади дахлдор ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg