Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

23.11.2021 22:21

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон боқӣ мемонад.

Дар соли 2020 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 333,8 млн доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 7 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳиссаи савдо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 7,3 фоизро ташкил дод.

Дар 9 моҳи соли 2021 гардиши савдо миёни ду кишвари ҳамсоя 315,5 млн доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чор соли охир беш аз 30 баробар афзоиш ёфтааст, аз ҷумла аз 12 млн доллари амрикоӣ дар соли 2015 то 362 млн доллари амрикоӣ дар соли 2019.

Дар соли 2019 Ӯзбекистон дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон пас аз Россия, Қазоқистон ва Чин дар ҷои 4-ум қарор гирифт. Ҳукумати ду кишвар нақша гузоштанд, ки солҳои наздик гардиши савдои хориҷиро дар як сол ба 500 млн доллар амрикоӣ ва дар оянда то ба 1 миллиард доллари ИМА расонанд.

Дар солҳои 2016-2018 дар ҳаҷми умумии гардиши савдои дуҷониба саҳми маҳсулоти Тоҷикистон бартарӣ дошта, аз соли 2019 содироти молҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бештар гаштааст.

Дар тиҷорати дуҷониба тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 71 фоиз (225,6 млн доллари амрикоӣ) ба воридоти молоҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва 29 фоиз (89,9 млн доллар) ба воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба ҷумҳурии ҳамсоя рост меояд.

Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, металлҳои ранга, таҷҳизоти электрикӣ ва механикӣ ворид карда мешавад.

Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан алюминийи аввалия, қувваи барқ, нахи пахта, физилоти сиёҳ, маъдан, тсемент, чарми хом, пилла, абрешими хом, матоъ, нушокиҳои спиртӣ, қолин ва ғайра содирот менамояд.

Дастрас намудани маълумоти фишурда дар бораи порталҳои соҳавии Тоҷикистон, аз ҷумла: www.tajtrade.tj, www.b2b.tj, www.tradeportal.tj, www.export.tj, www.tajikproduce.com, www.traveltajikistan.tj 

   

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg