Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд мунтазам сурат мегиранд. Президентҳои ду кишвар борҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.
4 январи соли 1998 бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид намуд. Сафари мазкур ба раванди тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон такони тоза бахшид.
Рӯйдоди муҳимми дигар дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Душанбе дар моҳи июни соли 2000 мебошад.
Таҳаввулоти дар соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар рухдода ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.
9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллуфасл шуданд. Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба тавофуқ расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд, фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатиро дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор намуданд, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор сохтанд, масъалаҳои соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро ҳал намуданд.
17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.
Дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ - сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16-17 августи соли 2018) ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид.
Заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар қариб 170 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шудаанд.
Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон боқӣ мемонад.
Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2020 беш аз 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бояд қайд кард, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба нисбат ба соли 2015 беш аз 30 маротиба афзун гардидааст. Сарони давлатҳо вазифа гузоштаанд, ки гардиши мол байни ду кишвар аввал ба 500 млн. доллари ИМА ва дар ояндаи наздик ба 1 млрд. доллари ИМА расонида шавад.
Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, баррасӣ мешаванд.
Аз соли 2002 инҷониб 8 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст, ки охирин ҷаласаи он 15 майи соли 2021 дар Тошканд сурат гирифта буд.
Ҷонибҳо ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Данғара Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар ин робита омодагӣ ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2021 муҳим арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.
Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Ӯзбекистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил ва шарокати роҳбурдӣ таҳким бахшад.
Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба густариши шарокати роҳбурдии ду кишвари бародар такони тоза бахшид. Ҳамчунин дар доираи сафари мазкур 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
16 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.