Муносибатҳои дуҷонибаи баробарҳуқуқ ва гуногунҷабҳаи ду халқи бародар - тоҷику ӯзбек баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ (аз соли 1991) боз ҳам густариш ёфта, муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардиданд.
Роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи наздики ҷуғрофӣ ва муносибатҳои таърихии ташаккулёфтаи халқҳои дӯсту бародари ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аввалин шуда, дар қаламрави давлати ҳамсоя дар кишвари бародари Ӯзбекистон соли 1995 Сафорати худро дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ намуд ва аз ҳамон замон намояндагии дипломатӣ фаъолияти худро ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарона оғоз намудааст
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, рушди алоқаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, кумакҳои башардӯстона, пешрафти тандурустӣ, маориф, фарҳангию илмӣ, ҳамчунин дар амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои дуҷониба фаъолона иштирок намуда, дар гузаронидани ҷаласаю вохӯриҳо саҳмгузор мебошад. . Бинои қаблии Сафорат дар шаҳри Тошканд (кӯчаи А.Қаҳҳор, гузаргоҳи 6, хонаи 61) ҷойгир шуда буд.
26 марти соли 2026 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.