Мулоқот бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон

01.04.2022 20:33

Рӯзи 1 апрели соли 2022 дар Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла оид ба нострификатсия дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар факултети забони ӯзбекии Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва баръакс филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷуёни ҳар ду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шумориданд.

photo-2022-04-01-17-44-58.jpg

photo-2022-04-01-17-44-51.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg