Дидан аз фаъолияти «ТЕХНОПАРК»-и шаҳри Тошканд

05.04.2022 17:46

Рӯзи 5 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода якҷо бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз фаъолияти ҶДММ “ТЕХНОПАРК” дар шаҳри Тошканд дидан намуданд.

Дар рафти намоиш бо навъҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, асбобҳои рӯзгор шинос шуда, инчунин аз коргоҳҳои истеҳсоли лифт ва эскалаторҳо, яхдонҳои маишӣ ва тиҷоратӣ, мошинҳои ҷомашӯӣ, ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, системаҳои кондитсионерӣ, насосҳои обкашӣ шинос шуданд.

Директори ҶДММ «ТЕХНОПАРК» С. Аҳадов ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ оид ба фаъолияти ширкат иттилоъ дода, қайд намуд, ки имрӯз дар ҳудуди Парк 14 иншооти истеҳсолӣ фаъолият доранд ва ифтитоҳи як қатор лоиҳаҳои нав ба нақша гирифта шудааст, ки татбиқи онҳо имкон медиҳад то 10,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.

А.Раҳмонзода ба имкониятҳои технологии ҶДММ «ТЕХНОПАРК» баҳои баланд дода, аҳаммияти барқарор ва густариши робитаҳои корӣ, илмӣ ва тиҷоратӣ байни паркҳои технологии кишварҳои СҲШ-ро қайд намуд.

Дар чорабинӣ, ки дар доираи намояндагии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов иштирок дошт.

Возможно, это изображение (11 человек и люди стоят)

Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (7 человек, люди стоят и в помещении)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg