Мулоқоти Сафир бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода

08.04.2022 12:51

Рӯзи 7 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, ки  бо сафари корӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, вохӯрӣ намуд.  

Дар мулоқот ҷонибҳо аз раванди иҷрои тавоффуқҳои қаблан ба даст омада миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти илму маориф суҳбат намуданд. Ҳамчунин оид ба омӯзиши таҷрибаи Ӯзбекистон дар соҳаи илму маориф ва техника, ташкил намудани чорабиниҳои муштараки   илмӣ андешаронӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg