Мулоқот ба хотири тавсеаи ҳамкориҳо

12.04.2022 17:37

Рӯзи 12 апрели 2022 дар ш. Тошканд мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода бо Мудири Пажӯҳишгоҳи байлналмилалии Осиё Марказии Ӯзбекистон А. Носиров доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илму маориф табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо роҷеъ ба ташкил намудани конфронсҳои илмӣ дар иртибот ба таҷлили 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба мувофиққа расиданд.

Дар назар аст, ки танҳо моҳи апрел се чорабинии илмии маҷозӣ миёни Пажӯҳишгоҳ ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон баргузор карда шавад. Дар оянда чунин чорабиниҳои илмӣ дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сӯҳбат дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, костюм и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg